Ёди айёме, ки ҳар дам бо манат пайғом буд,
Ёди айёме, ки ҳар дам бо манат пайғом буд,
Шаҳди мазмуни ҳадиси дилкашат дар ком буд.
Дам ба дам, соат ба соат аз навиди номаат
Тарфи гулзори хаёли ман баҳорайём буд.
Аз каломат «васбиру» тафсир мекардам мудом,
Изтироби мурғи дил дар ҳалқаи ором буд.
Мекашидам сайди ишратро ба қуллоби хатат,
Печутоби мавҷи мактубат каманди дом буд.
Накҳати рамзи саводи нома аз иншои ту
Дар димоғи хушкмағзон равғани бодом буд.
Доштам сомони мастӣ аз кушоди маъният,
Матлаи меҳри нишонам аз дару аз бом буд.
Туғрал аз мазмуни истиғнош акнун пухтааст,
Боғбони гулшани лутфаш ҳамоно хом буд.