Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

То қумоши ҳусни ӯро корвон аз ноз буд,

То қумоши ҳусни ӯро корвон аз ноз буд, Муштариро маҳмили савдо ҷарасовоз буд. Мурдам аз ҳасрат, ки з-истиғно намегӯяд сухан, Ёди айёме, ки лаъли ӯ масеҳэъҷоз буд! Қоматаш дар бӯстони ҳусн дидам ҷилвагар, Дар миёни навниҳолони чаман мумтоз буд. Аз сабо то муждаи пайғоми дидораш расид, Чашми уммедам ба роҳи интизораш боз буд. Муншии субҳи азал зад қуръаи фоли маро, Оқибат мурғи дилам дар чанги ин шаҳбоз буд. Донаи холаш ба сони қаҳрабо дил мекашад, Афъии зулфи каҷи ӯ сахт афсунсоз буд. Дошт чашми соҳираш дар мулки дин яғмогарӣ, То камони абруяшро ғамза тирандоз буд. Аз ҷудоӣ ҳамчу най анҷоми умрам нола шуд, Лоласон доғи дилам аз ҳасрати оғоз буд. Дар азал сайди маонӣ боли теҳуро кушод, Туғрали мо аз паяш он рӯз дар парвоз буд.