Дил ба тоқи абруи ӯ майпарастӣ мекунад,
Дил ба тоқи абруи ӯ майпарастӣ мекунад,
Чун кабӯтар дар равоқи Каъба мастӣ мекунад.
Аз баландӣ кай расам дар зурваи он остон?
Толеъу иқболи сустам сахт пастӣ мекунад.
Сурма дорад орзу чашм аз ғубори мақдамаш,
Хоки пояшро ҷабинам пешдастӣ мекунад.
Ҳеч кас дар ишқи Лайлӣ нест ин ҷо устувор,
Кай чу Маҷнун дигаре даъвои ҳастӣ мекунад?
Аҷз бошад дар талаб шамъи далели муддао,
Сад дуруст аз мумиё як дилшикастӣ мекунад.
Фикри мавзунам кунун, Туғрал, дар иқлими сухан
Ҳукми девони вазорат чун Маҳастӣ мекунад.