Орази чун моҳаш аз бурқаъ намоён мекунад,
Орази чун моҳаш аз бурқаъ намоён мекунад,
Оламеро шамъи рухсораш чароғон мекунад.
Аз хаёли ғунчааш дорам ба дил ҷамъияте,
Хотирамро ёди он гесӯ парешон мекунад.
Дӯш бо ёди рухаш аз дида боридам гуҳар,
Мавҷи ашкам дар ҷаҳон имрӯз тӯфон мекунад.
Дил ба кӯи ёр мебошад, вале ҳар дам чу мӯр
Он тафохурҳо, ки дар дасти Сулаймон мекунад.
Эй парирӯ, нақши найранги кадомин суратӣ?
Чашми сад ойинаро акси ту ҳайрон мекунад!
Гар ҳамин бошад гудози шуълаи шамъи вафо,
Хонаи занбӯрро парвона вайрон мекунад.
Бо маризи ишқ дору нест дар дуккони даҳр,
Мушкили Маҷнуни моро Лайлӣ осон мекунад.
Ҳайрате дорам, ки, Туғрал, булбул аз шаб то саҳар
Дар ҳузури шоҳиди гул сахт афғон мекунад.