Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Арғавон дар пеши рухсори ту берангӣ кунад,

Арғавон дар пеши рухсори ту берангӣ кунад, Ғунча аз хандидани лаъли ту дилтангӣ кунад. Ҳусни Юсуфро агар Парвин барои имтиҳон Бо тарозу баркашад, кай бо ту ҳамсангӣ кунад?! Монии Чин гар бибинад чини абрӯи туро, Дар татаббуъхонаи Чин нақши аржангӣ кунад. Дар тариқи мадҳи ту дар соҳати дашти варақ Роизи килки ман аз по афтаду лангӣ кунад. Ҷомае бо қоматат гар аз сухан дӯзам, вале Сад қабои ноз андар қоматат тангӣ кунад. Эй гули боғи латофат, аз кадомин гулбунӣ? Ҳар кӣ рухсори ту бинад, булбулоҳангӣ кунад. Нисбати хуршед бо рӯйи ту бошад ҳамчунин Он тасаввурҳо, ки афюн бар сари бангӣ кунад.