Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Рангу бӯи боғи ҳуснат дар чаман шӯр афканад,

Рангу бӯи боғи ҳуснат дар чаман шӯр афканад, Аз даҳони ғунча лаълат хандаро дур афканад. Ҳалқаи зулфи туро Ризвон агар бинад ба хоб, Тавқи қумрӣ созаду дар гардани ҷӯр афканад. Юсуфи Миср аз ҳадиси хубият ёбад хабар, Аз хиҷолат хешро дар чоҳи дайҷур афканад. Меҳри рӯят гар дам аз субҳи буногӯшат занад, Фитрати хуршедро дар табъи кофур афканад. Ҷон дамад дар қолаби ойина акси оразат, Маҳви ҳайрат созаду лек аз хирад дур афканад. Эй ки шавқат сар кашад аз дастгоҳи доругир, Оташи бетоқатӣ дар қалби Мансур афканад. Нағмаи зеру бами ишқат расад дар гӯши соз, Шавқи оҳанги ҷунун аз тори танбӯр афканад. Гар расад дар гӯши Исрофил ғавғои дарат, Фаҳми маҳшар созаду аз дасти худ сур афканад. Шарбати васлат агар дар коми махмуре расад, Нашъаи ҷоми шароб аз чашми махмур афканад. Раҳм кун бо Туғрали маҳзун, ки з-ойини карам Сояи давлат Сулаймон бар сари мӯр афканад.