Бодаи ишқи ту дар ҳар дил агар ҷӯш кунад,
Бодаи ишқи ту дар ҳар дил агар ҷӯш кунад,
Агараш оби ҳаёт аст, куҷо нӯш кунад?!
Орзуманди висоли ту агар ҳушнок аст,
Ба яке қатраи май васли ту беҳуш кунад.
Сари худ гарчи бар афлок маҳи нав сояд,
Ҳалқаи доғи ғуломии ту дар гӯш кунад.
Тӯтии Ҳинд шакархойии лаълат бинад,
Аз хиҷолат сухани хеш фаромӯш кунад.
Чашми оҳуи ту оҳу ба Хутан мегирад,
Балки оҳу ба сияҳчашмии оҳуш кунад.
Аз қазо хатти бароти аҷал орад ҳар кас,
Чун дупайкар зи камарбанди ту оғӯш кунад.
Нахли шамшод хироми қади ӯро бинад,
Беибо саҷдаи меҳроби ду абрӯш кунад.
Хам шавад қомати ӯ чун қади Туғрал умре,
Ҳар касе бори ғами ишқи ту бар дӯш кунад.