Анбари зулфи кажат бозори анбар бишканад,
Анбари зулфи кажат бозори анбар бишканад,
Қимати лаъли лабат савдои гавҳар бишканад.
Бо қади шамшод сӯи боғ гар орӣ гузар,
З-инфиоли қоматат шохи санавбар бишканад.
Дар раҳи ишқат шудам хоку вале тарсам аз он,
К-аз ғубори ман туро наъли таковар бишканад.
Алҳазар аз фитнаи яъҷуҷи чашми соҳират,
Охир ин хайли бало садди Сикандар бишканад!
Лаъли худ гар во кунӣ чун ғунча ҳангоми сухан,
Аз табассумҳои лаълат нархи шаккар бишканад.
Ҳайрати ойина аз акси рухи зебои туст,
Аз арақ ҳар дам ба рӯи хеш ҷавҳар бишканад.
Мадди абрӯи ту дар тороҷи дил монад бад-он-к
Зулфиқори Муртазо девори Хайбар бишканад.
Як шабе сармасти саҳбои висоли хеш кун,
Гар шикастӣ ин сухан, дил ҳам баробар бишканад.
Дорам андар дил ҳавои ишқат, эй нозофарин,
Ин хумори ман кай аз ҳар ҷому соғар бишканад?!
Чун равам сӯят вале аз сангборони рақиб,
То ҳарими васли ту сад ҷо маро сар бишканад!
Ангубинат таъна созад бо шароби Салсабил,
Наргиси бебоки мастат қадри абҳар бишканад.
Номи ту то бар сари ҳар байти Туғрал тоҷ шуд,
Аз хиҷолат афсари фағфуру қайсар бишканад.