Ҳар куҷо он шӯх гар сайде ба абрӯ мезанад,
Ҳар куҷо он шӯх гар сайде ба абрӯ мезанад,
Бисмилаш чун моҳи нав бар чарх паҳлӯ мезанад.
Дӣ ба гулгашти чаман нахлаш хиром овард бор,
Қумрӣ бо ёди қадаш имрӯз ку-ку мезанад.
Наргиси масти хадангандози афсунсози ӯ
Тири оҳу аз раҳи ваҳшат ба оҳу мезанад.
Сарв агар дар боғ бинад сарви озоди туро,
Якқалам ангушти ҳайрат бар лаби ҷӯ мезанад.
Хоки поят тӯтиёи дидаи ҳар кас нашуд,
Дасти ҳасрат аз надомат сахт бар рӯ мезанад!
Бо дили садчок зери нахли шамшодам кунун,
Шона аз машшота он маҳ то ба гесӯ мезанад.
Панҷаи донишрабо бикшода аз авҷи камол,
Туғрали мо сайди маъниро чу теҳу мезанад.