Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Аз нигаҳ тире ба ҷонам он камонабрӯ занад,

Аз нигаҳ тире ба ҷонам он камонабрӯ занад, Шукри алтофаш маро бар тан сар аз ҳар мӯ занад. Тоби лаъли майпарасташ қимат аз гавҳар барад, Насх бозори шакарро ӯ зи гуфтугӯ занад. Мардуми чашмаш маро аз шаш ҷиҳат тасхир кард, Тири мижгонаш диламро ҳар дам аз ҳар сӯ занад. Накҳати зулфаш ҳазорон дил асири худ намуд, Ваҳ аз он ҳолат, ки дил дар ҳалқаи гесу занад! Баҳри таъзими қадаш тӯбо саросар гашта хам, Сарву шамшоду санавбар бар замин зону занад. Ҳамчу дуздон бо нигоҳи худ надорад дӯстӣ, Ошноӣ сурмаро дар наргиси ҷоду занад! Моҳ бо рухсори ӯ, Туғрал, чӣ даъво оварад? Партави меҳри ҷамолаш бо фалак паҳлӯ занад!