Соғари айши абад гарчи ба дастам доданд,
Соғари айши абад гарчи ба дастам доданд,
Роҳи роҳат ҳама аз ҷоми аластам доданд.
Корвонони қазову қадар аз ҳушёрӣ
Чун ҳино баста маро бар кафи мастам доданд.
Ҳар куҷо бошам агар, бе асари доғ наям,
Шуълаи шавқаму бар хок нишастам доданд.
Ба сафоле нарасад сози дурустоинам,
Чиниям, гарчи зи Фағфур шикастам доданд.
Буд таҳқиқи адам сурати имкони вуҷуд,
Нестӣ ойинае буд, зи ҳастам доданд.
Сайди матлаб нашавад бастаи қуллоби ҳавас,
Моҳии баҳри адаб гарчи ба шастам доданд.
Хонабардӯши хаёлам ба сухан ҳамчу ҳубоб,
Вожгунӣ ҳама аз толеи пастам доданд.
Чӣ хуш аст мисраи дарёи маонӣ, Туғрал:
«Васл мехостам, ойина ба дастам доданд».