Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Шабнами арзи адаб аз чашми ҳайрон рехтанд,

Шабнами арзи адаб аз чашми ҳайрон рехтанд, Донаи уммедро чун меҳр яксон рехтанд. Ҳар кӣ шуд ҳамчун садаф дар саъйи сомони амал, Оқибат андар даҳонаш оби найсон рехтанд. Аз вуҷуди хеш дорам гармии меҳри адам, Шабнами моро чӣ сон дар боғи имкон рехтанд? Махзани ганҷи қаноат баски беибром буд, Обрӯи хеш охир ин гадоён рехтанд. Баски дар боғи ҷаҳон улфатпарасти шабнамем, Аз сиришки мо ба олам мавҷи тӯфон рехтанд. Мазраи мо дархури ҷамъияти дилҳо набуд, Донаи сунбул ба хоки мо парешон рехтанд. Обрӯ хоҳӣ, нишин дар хилвати ҷайби адаб, Оби гавҳарро ба доман аз гиребон рехтанд. Чун сароб аз чашмааш як қатрае зоҳир нашуд, Бар дили зоҳид магар об аз зимистон рехтанд?! Гарчи дар мулки сухан ман Туғрали Аҳрориям, Лек ҷоми қисматам аз хоки Тӯрон рехтанд.