Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Хубрӯён шеваи ҳайрат шиорам кардаанд,

Хубрӯён шеваи ҳайрат шиорам кардаанд, Ҳамчу нақши по ба худ ойинадорам кардаанд. Чун қадаҳ оғӯши сад хамёзаи айши абад Аз шикасту гардиши ранги хуморам кардаанд. Бишкуфад гул аз гулистони хаёлам баъд аз ин, Баски ранги сад чаман назри баҳорам кардаанд. Кисватам шуд гарчи урёнӣ зи қонуни азал, Дар баму зери муҳаббат пардадорам кардаанд. Муждаи пайғоми васлаш дода аз боди сабо, Чашми ҳайронро ба роҳаш интизорам кардаанд. Гарчи навмедист аз вазъи бутон бо ман, вале Аз нигоҳи вопасин уммедворам кардаанд. Чун саҳар як кавкаби бахт аз дилам равшан нашуд, Тирабахтиҳо чу шом аз зулфи ёрам кардаанд. Сӯхтам дар оташи ҳиҷрону мурдам аз ғамаш, Доғҳо чун лола бар лавҳи мазорам кардаанд. Нагзарад бар хотирам фикри қиёмат баъд аз ин, То шаби ҳаҷри туро рӯзи шуморам кардаанд. Ҳамчу ман дигар набошад ҳеч домоди сухан, То арӯси бикри маънӣ дар канорам кардаанд. Мебарам ман дар сухан имрӯз гӯй аз ҳамдамон, Дар саманди фикр чун маънисаворам кардаанд. Туғрало, аҷзи камоли ҳазрати Бедил нигар: «Он қадар ҳечам, ки аз худ шармсорам карданд».