Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

То назокат з-он хироми қадди дилҷӯ мечакад,

То назокат з-он хироми қадди дилҷӯ мечакад, Аз ҳаё сарв об гашта, бар лаби ҷӯ мечакад. Рамзи зулфи ӯ ба саҳрои Хутан шуд ошкор, Хуни ҳасрат то абад аз нофи оҳу мечакад. Аз латофатҳои ҳусни обдори ӯ мапурс, Мавҷи гавҳар аз ҳадиси васфи он рӯ мечакад. Бисмилам карду ба хок андохт он золим, ҳанӯз Қатраҳои хуни ман аз теғи абрӯ мечакад, Булҳавас, бигзар зи савдои хаёли зулфи ӯ, Сели тӯфони бало аз ҳар сари мӯ мечакад! Эй дил, андар остони ӯ расӣ, ғофил мабош, Рашҳаи андӯҳу ғам аз хоки он кӯ мечакад! Аз раҳи мастӣ ҷаҳонеро, бибин, дар хок зад, Хуни мардум дам ба дам з-он чашми ҷоду мечакад! Дар ғазаб чини ҷабинаш дидаму гуфтам ба дил: Шарбати сиркангубин аз шохи лимӯ мечакад. Туғралам дар сайди маъниҳои рангини баланд, Аз сафои шеъри ман то ҳашр луълу мечакад!