Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Моҳи ман имрӯз дар Мисри малоҳат шоҳ шуд,

Моҳи ман имрӯз дар Мисри малоҳат шоҳ шуд, Юсуф аз шарми ҷамоли ӯ ба зери чоҳ шуд. Ҷоми май бе ёди лаъли ӯ насиби ман мабод, Ҳамдами базмам агарчанде ки меҳру моҳ шуд. Тори гесӯи камандаш гашт доми мурғи дил, Донаи холи сиёҳаш то маро дилхоҳ шуд. Кай амон ёбад зи тири новаки дилдӯзи ӯ Синаи он кас, ки меҳнатсанҷи ин даргоҳ шуд. Аз ҳилоли абруяш шарманда гардад моҳи нав, В-аз сафои оразаш хуршед ранги коҳ шуд. Боҷи хубиро зи хубони ҷаҳон гирад, равост, Баски номи ӯ ба хубӣ дар ҳама афвоҳ шуд Дар азал килки қазо тасвири рӯяш мекашид, Булбули рӯҳи ман аз бӯи гулаш огоҳ шуд. Ин муаммо ҳал кунад ҳар кас, бад-ӯ Туғрал ғулом, Дар биёбони тавашшуҳ матлабам ҳамроҳ шуд.