Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Оҳ, аз даври фалак, як лаҳза бар комам нашуд,

Оҳ, аз даври фалак, як лаҳза бар комам нашуд, Қуръаи фоли тараб як бор бар номам нашуд! Дар ҳавои васли матлаб кардам аз ором рам, Ҳеч амре мӯҷиби таскини оромам нашуд. Сӯхтам дар оташи ҳасрат чу ҳинду борҳо, Холи ҳиндуи бутон аз бахти бад ромам нашуд. Гарчи нӯшидам басе паймонаҳои заҳри ғам, Аз майи ишрат вале як ҷуръа дар ҷомам нашуд. То ниҳодам дар паси сайди талаб доми умед, Мурғи ин ваҳшатсаро дар ҳалқаи домам нашуд. Хонабардӯши хаёлаш мунтазир шаб то саҳар, Як тулӯи кавкаби бахт аз лаби бомам нашуд. Туғралам дар дом шуд з-он ҳар ду бодоми тараш, Як илоҷи хушкии савдо зи бодомам нашуд.