Китоби оразашро то саводи хат намоён шуд,
Китоби оразашро то саводи хат намоён шуд,
Зи мазмуни бароташ мӯр меҳмони Сулаймон шуд.
Нигоҳи ҳайратангезаш бисот орост шӯхиро,
Рами чашми ғизолон аз хаданги нози мижгон шуд.
Тамошои баҳористони рухсораш чӣ сон созам,
Ки аз акси ҷамоли ӯ ҳазор ойина ҳайрон шуд?!
Сухан мерафт дар гулшан ҳамоно дӯш аз зулфаш,
Вагарна аз чӣ ин дам хотири сунбул парешон шуд?
Биё, эй бонии қасри дили ушшоқ, к-аз ҳаҷрат
Зи селоби сиришки ман бинои Каъба вайрон шуд!
Вафо, эй бевафо, ҳаргиз намесозӣ ба аҳди худ,
Фаромӯшат зи хотир гӯиё он аҳду паймон шуд?!
Зи гесуи ту то зуннор баста бар миён Туғрал,
Буто, раҳме ба ҳоли ӯ, ки дур аз нақди имон шуд!