Аз табассум лаъли ӯ то нашъа аз мул мекашад,
Аз табассум лаъли ӯ то нашъа аз мул мекашад,
Чеҳраи мино арақ аз шарми қул-қул мекашад.
Аз ҳаданги нози чашми шӯхи ӯ эмин мабош,
Наштари мижгони ӯ хун аз раги гул мекашад.
Умрҳо баҳри висол андар биёбони ғамаш
Корвони шавқи ман бори таваккул мекашад.
Аз фиреби донаи холи сиёҳаш кун ҳазар,
Мурғи дилро доми зулфаш бетаҳаммул мекашад.
Сози савту нағмае дорам, ки ҳар ҷо мутрибест,
Тори қонунам зи мадди оҳи булбул мекашад.
Нусхаи ошуфтаи ҷузви парешони ғамам,
Монию Беҳзод тасвирам зи сунбул мекашад.
Дар димоғи хушк бахти тираи вожуни ман
Равғани бодомро аз набзи кокул мекашад.
Наргиси сеҳрофаринаш баҳри таълими фусун
Беибо Ҳорутро аз чоҳи Бобул мекашад.
Нохуни бурҳони Туғрал чун ба даври зулфи ӯ
Хори татбиқ аз кафи пои тасалсул мекашад?!