Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Ҳар киро дил маҳви он ойинаи рухсор шуд,

Ҳар киро дил маҳви он ойинаи рухсор шуд, Ҷилваи ойинаи ӯ шӯхии дидор шуд. Чашми масташ карда ҳар дам тоза кеши кофарӣ, Аҳриманро зулфи ӯ то ҳалқаи зуннор шуд. Ҳамчу мавҷ аз бод меларзам зи чини абруяш, Раҳм набвад муҳраи теғе, ки ноҳамвор шуд. Нест савдоии кавкаб ҷуз ризои муштарӣ, То матоъи ҳусни ӯро гармии бозор шуд. То задам дар боргоҳи сина шодурвони ғам, Хаймаамро ёди мижгонаш чӣ хуш мисмор шуд! Аз хаёли наргиси ӯ мезадам фоли тараб, Нуқтаи дил маркази ин ҳалқаи паргор шуд. Он қадар нолидам аз ҳиҷрони ӯ шаб то саҳар, Ҳар буни мӯ бар танам дар нола мусиқор шуд. Нест аз ҷоми висоли ӯ ба зоҳид баҳрае, Шумии бахти бадаш найранги истиғфор шуд. Ҷавҳари арзи дили ушшоқ аз меҳнат барист, Аз сафо ойина умре пуштбардевор шуд. Ғайри ғафлат нест дар чашми таҳайюрмансабон, Дидаи махмал кай аз хоби гарон бедор шуд?! Шуд зи қатлам қасри бунёди муҳаббат вожгун, Хуни ман охир ҳинои панҷаи меъмор шуд. Дасти ҳуснаш гар гиребони чаман ҳар сӯ кашид, Пои зулфаш лек нақши домани гулзор шуд. Баски маъдумист чун анқо нишони он даҳан, Аз вуҷудаш дам задам, субҳе табассумзор шуд. Эй хушо, аз мисраи Бедил, ки, Туғрал, гуфтааст: «Об гардид интизору олами дидор шуд».