Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Маро ишқи ту то сармояи дунёву дин бошад,

Маро ишқи ту то сармояи дунёву дин бошад, Аз он аз дину дунё ҳосили умрам ҳамин бошад. Зи доғи фурқатат нолам, вале чун най наменолам, Ки ин андӯҳу меҳнат бо ман аз хатти ҷабин бошад. Хами абрӯш маҳмил баста аз бори ишоратҳо, Вале тарсам, ки чашми шӯхи ӯ андар камин бошад. Бувад бо меҳри рӯи ӯ расиданҳои ман мушкил, Ки ҳамчун соя бахти тираам фарши замин бошад. Намудам пеши устоди муҳаббат хатми ишқи ӯ, Аз он бо хотами ман номи ӯ нақши нигин бошад. Зи ганҷури азал омад калиди ганҷи ғам бо ман, Ба ғайр аз ман куҷо дар махзани меҳнат амин бошад?! Кунун дар боғ ҷои сабзаву гул нозбӯ рӯяд, Ба ҳар ҷое, ки нақши пои он нозофарин бошад. Хушам бо ҳасрати дарду ғами ҳиҷрони ӯ, Туғрал, Ба комам заҳри ҳаҷраш хуштар аз сад ангубин бошад.