Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Дар дил хаёли он қади раъно нигоҳ дор,

Дар дил хаёли он қади раъно нигоҳ дор, Ёди парӣ намудӣ ту, мино нигоҳ дор. Омад қумоши ҳусн ба бозори эътибор, Савдои Юсуфаш ба Зулайхо нигоҳ дор. Шарти такаллуфоти шараф шуд туро адаб, Ҳар ҷо агар нишинӣ ту, он ҷо нигоҳ дор! Гаҳ шикваи фироқ таманно кунад дилам, Ё Раб, аз ин хаёл ту моро нигоҳ дор! Дар муҳраҳои нарди ғами ӯст бурду бой, Дасте бикаш зи домани ӯ, ё нигоҳ дор! Шуд сарфи мушкилоти ҷунун дарси умри ту, Бо номи ёр як-ду муаммо нигоҳ дор! Забти инони дил набувад, эй ҳавас, ба мо, Моро ба мо гузору дили мо нигоҳ дор! Чун шамъ теғи ишқ бибуррад сари туро, Шарти мурувват аст, ту ҳам по нигоҳ дор! Соқӣ, ба ёдгории айёми васли ӯ Қадре зи бода дар таҳи мино нигоҳ дор. Туғрал, хиҷил зи мисраи зебои Бедилам: «Мушти арақ ба манъи тақозо нигоҳ дор!»