Шаҳобосо нигоҳам аз сипеҳри дида метозад,
Шаҳобосо нигоҳам аз сипеҳри дида метозад,
Тамошо дар бисоти оразаш шатранҷ мебозад.
Ало шоҳе, ки фарзинваш рақиби каҷ ба ӯ ҳамдам,
Маро ӯ бегунаҳ аз ростӣ рухмот месозад.
Ҳамин бори ғамаш умрест ҳамчун фил бар дӯшам,
Ба сӯи ӯ бувад оё, ки аспи бахти ман тозад?!
Мапурс ойини чашми соҳири он шӯхи золимро,
Ки тори як нигоҳаш оламе дар хок андозад.
Ями ҳар қатраи ашкам агар тӯфоннамо гардад,
Вагар Нӯҳ аст, аз бими сиришкам киштӣ оғозад!
Равад то домани хуршед дуди оҳи ушшоқон,
Фалакро тундари барқам аҷаб набвад, ки бигдозад!
Зи юмни мақдами он шаҳсавори кишвари хубӣ
Бисоти саҳни ғабро то абад бо хештан нозад.
Аз ин Машриқ тулӯъ орад шаҳи авранги маҳбубӣ,
Дами андешаат, Туғрал, агар чун субҳ хамёзад.