Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Оташи ишқи кӣ хокам туҳфа бар бод оварад?

Оташи ишқи кӣ хокам туҳфа бар бод оварад? Нанги ҳастӣ обрӯи нестӣ ёд оварад. Хома мелағзад зи дасташ аз камоли лоғарӣ, Сурати мо бар қалам ҳар гаҳ ки Беҳзод оварад. Ҳалқа кун доми умед аз ҳалқаи гесуи ӯ, То қазо нахчири мо дар доми сайёд оварад. Сархати моро сафедӣ нест, ин бахти сияҳ Шодкомиро куҷо дар табъи ношод оварад?! Ғайри зулфаш додрас набвад, ки дар пояш фитад, Мардуми чашмаш агар ойини бедод оварад. Сабза набвад бар лабаш, андар камоли ошиқон Муршиди Тури муҳаббат хатти иршод оварад! Медиҳад аз пардаи «Ушшоқ» оҳанги наво, Ҳар куҷо сози худ он шӯхи паризод оварад. Як чаман сунбул ба дӯш афканда шамшоди қадаш, Аз барои пойбанди сарви озод оварад. Мешавад огаҳ сари мӯе зи рамзи зулфи ӯ, Хешро ҳар кас ба зери нахли шамшод оварад. Бонии чашми туро нозам, ки дар таъмири дил Нусхае андар бағал бе тарҳи устод оварад! Кай барад шаҳди висол аз талхии ҳаҷраш гарав, Гар касе афсонаи Ширин ба Фарҳод оварад. Нестам ғамгин, агар имрӯз саррофи сухан Беҳтар аз ман дар арӯси маънӣ домод оварад. Офарин, Туғрал, бар ин мисраъ, ки Бедил гуфтааст: «Қайди худдорӣ ҷунун бар табъи озод оварад».