Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

То килки сунъи чашми ту сармашқи ноз кард,

То килки сунъи чашми ту сармашқи ноз кард, Ҳамчун тазарв нози ту дар чашми боз кард. Омад силоҳи ғамзаат аз баҳри ҳуши ман, Кард ончунон ба ман, ки ба Маҳмуд Аёз кард. Шаҳди лабат, ки бод табарзад ғуломи ӯ, Нархи наботи Миср ба нархи пиёз кард! Қадди баланди сарви ту қумрӣ ба боғ дид, Ку-ку заду ба пеши ту арзи ниёз кард. Лаъл аз Бадахш хезаду гавҳар зи лаъли ту, Донад, ҳар он ки лаълу гуҳар имтиёз кард. Ёбад наво зи пардаи «Ушшоқ», ҳар кӣ ӯ Зеру бами таронаи ишқи ту соз кард. Ҷайби қабо чу шона даридам зи кӯтаҳӣ, Дасти қазо, ки домани зулфат дароз кард. Ин тифли ашки рози ниҳони даруни ман Омад ба назди мардуму ифшои роз кард. Нӯшад зи Салсабилу равад оқибат биҳишт, Ҳар кас ба тоқи абруи ту як намоз кард. Саррофи ишқ нақди дили Туғрали маро Рӯзи азал ба бӯтаи меҳнат гудоз кард.