Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Ғубори сурма то дар хонаи чашмаш ватан дорад,

Ғубори сурма то дар хонаи чашмаш ватан дорад, Сиёҳӣ парда аз сози тағофул дар бадан дорад. Насими турраи пурпечутоби анбаросояш Ба дасти қосиди боди сабо мушки Хутан дорад. Ҳазорон боғи гулшан дар ғубори мақдамаш надҳам, Ки нақши хоки пояш обуранги сад чаман дорад. Даҳони ғунчааш чун ҳуққаи сарбаста мебинам, Ки ҳангоми такаллум лаъли ӯ дурри Адан дорад. Ба тахти ҳусну тоҷи дилбарӣ султони хубон аст, Ба яғмои дили ман лашкари нозу фитан дорад. Зи сеҳри наргиси ҷодуи ӯ бояд ҳазар кардан, Чунон Ҳорут сад афтода дар чоҳи зақан дорад! Хушам аз накҳати зулфи каҷи шабранги пурчинаш, Димоғам кай ҳавои савсану майли суман дорад? Маро фарёду афғон кай расад дар гӯши ӯ, Туғрал, Ки дар ҳар сӯ ҳазорон додхоҳе ҳамчу ман дорад?!