Агар ойина бар рӯи ту арзи муддао дорад,
Агар ойина бар рӯи ту арзи муддао дорад,
Зи дасти суратат занҷири ҳайронӣ ба по дорад.
Асои қомати пирист ёди сарви озодат,
Чу ман ҳар кас ба ёди абруят қадди дуто дорад.
Раҳи ишқ аст, аз дил даст мебояд туро шустан,
Ки ёди сӯзани мижгони ӯ хоре ба по дорад.
Набошад лангаре ғайр аз таваккул киштии ӯро,
Ки дар мавҷи талотум ҷуз Худо кай нохудо дорад?
Тасаллӣ бахш аз зулфаш мусалсал хотири худро,
Ки охир даври гардун аз ҳаводис корҳо дорад!
Агарчи шеваи хӯи вай омад мардумозорӣ,
Ба мардум чашми ӯ хосияти мардумгиё дорад.
Надорад хотирам майли дурустӣ як сари мӯе,
Ки чун зулфаш дили мо аз шикастан мӯмиё дорад.
Агар зоҳид чу ман шабҳо ба ҳиҷронат ба рӯз орад,
Ба таҳқиқаш намо равшан, ки тақлиди зиё дорад.
Ҳазорон офарин, Туғрал, ба ин як мисраи Бедил:
«Иҷобат инфиол аз шӯхии дасти дуо дорад!»