Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Агар шамъи далели улфати мо раҳнамо гардад,

Агар шамъи далели улфати мо раҳнамо гардад, Пари парвонаро хосияти боли ҳумо гардад. Гар ин бошад сулуки сархати меҳроби абрӯяш, Қади моҳи нав аз баҳри суҷуди ӯ дуто гардад. Ба ғайр аз нола кай бошад варои ноқаи ҳушам, Шикасти ранги ман гар маҳмили роҳи садо гардад! Агарчи рафт чун ранги ҳино домонаш аз дастам, Бад-ин шодам, ки пояшро сиришки ман ҳино гардад. Ду олам дастбӯси фарши таслими хиромаш кун, Агар девонаи моро ҷунун занҷири по гардад. Ба ёди гардиши чашмаш дили пуризтироби ман Мисоли донае бошад, ба коми осиё гардад. Агар ин аст бо бегонаву дур ошноиҳо, Ҳаметарсам, ки бо ман оқибат ноошно гардад. Ба Маҷнун ҳамсабақ будем дар одоби маҷнунӣ, Ба ойини муҳаббат кас ҳарифи мо чаро гардад?! Муҳаббат гар ҳавас дорӣ, зи сурхӣ майли зардӣ кун, Ки гар дар мис расад иксир, бешак, кимиё гардад. Хаданги фикри кас ҳаргиз наёяд бар нишони мо, Пари тири камони ӯ агар боли расо гардад. Хушо, Туғрал, аз ин як мисраи баҳри сухан Бедил: «Агар савдои сар дорад, бигӯ, бар гирди мо гардад».