То хаёли абруяш кардам, сарам омад ба ёд,
То хаёли абруяш кардам, сарам омад ба ёд,
Ёди мижгонаш намудам, ханҷарам омад ба ёд.
Кӯҳро дидам, зи тамкин пой дар доман кашид,
Ибрате мехостам, гӯши карам омад ба ёд.
То сабо машшота зад гесӯи сунбулро ба боғ,
З-он шамими гесуи чун анбарам омад ба ёд.
Муштарӣ набвад ба нақди ҷинс шабҳои ғамам,
Оқибат савдои рӯзи маҳшарам омад ба ёд.
То бидидам ҳалқаҳои зулфи лайлиталъатон,
Ҳамчу Маҷнун достони чанбарам омад ба ёд.
Мешунидам аз ҳадиси лаъли ҷонбахшаш сухан,
Муъҷизоти Исии пайғамбарам омад ба ёд.
Қути шабҳои фироқам гашт ёқути лабаш,
Доштам фикри дили ӯ, мармарам омад ба ёд.
Дӯш мекардам тамошои найистони адаб,
Нолро дар нола дидам, пайкарам омад ба ёд.
Ваҳ, чӣ хуш гуфта-ст, Туғрал, Бедили баҳри сухан:
«Алвидоъ, эй ҳамнишинон, дилбарам омад ба ёд!