Зулфи мушкин то ба даври моҳи рӯяш ҳола зад,
Зулфи мушкин то ба даври моҳи рӯяш ҳола зад,
Шӯри тӯфон аз навоям дар найистон нола зад.
Зоҳид, аз баҳри Худо, сӯзи даруни мо мапурс,
К-аз ҳадиси оташи ишқаш лабам табхола зад.
Тухми уммеде, ки андар мазраи меҳру вафо
Кишта будам, аз саҳоби ноумедӣ жола зад.
Ҳар кӣ бар рухсори ӯ холи сиёҳаш дид, гуфт:
Ҳиндуи оташпарасте хайма дар Бангола зад.
Оламе меҳнат ба ранге аз ҷамолаш мекашад,
Чок шуд пероҳани гул, доғ бар дил лола зад.
Месазад дар мулки хубӣ гардад ӯ фармонраво,
Баски дар авҷи малоҳат ахтараш дунбола зад.
Гардиши даври фалак, Туғрал, зи тақдири азал
Қуръаи номи маро з-андӯҳи чандинсола зад.