Гарчи дар майхона бар лаб хандаҳо дорад қадаҳ,
Гарчи дар майхона бар лаб хандаҳо дорад қадаҳ,
Чашми ибрат сӯи ин базми фано дорад қадаҳ.
Дар ҷаҳон сад шӯр аз як ҷоми тақсими азал,
Ҳеч медонӣ, ки андар дил чиҳо дорад қадаҳ?
Дар сулуки ишқ андар ишратободи ҷаҳон
Кай ба ҷуз пири суроҳӣ муқтадо дорад қадаҳ?!
Баски сар то пои дунё домгоҳи офат аст,
Бар шикасти ранги ишрат мӯмиё дорад қадаҳ.
Чун хумори бода ҳар дам дар гаҳи афтодагӣ
Аз хаёли қомати мино асо дорад қадаҳ.
Дам ба дам дасти дуо бикшода дар базми адаб,
Як тавозуъ аз суроҳӣ илтиҷо дорад қадаҳ.
Пеши минои тараб бо сози қул-қул ҳар нафас
Аз забони бода арзи муддао дорад қадаҳ.
Рӯзу шаб, Туғрал, мисоли чанг бо қадди нагун
Аз барои духтари раз нолаҳо дорад қадаҳ.