Боз аз ранги ҳино шуд панҷаи дилдор сурх,
Боз аз ранги ҳино шуд панҷаи дилдор сурх,
Ранги домони шафақ омад кунун пайкор сурх.
Оламе дорад хаёли захми теғи абруяш,
Кош аз хунам бувад он теғи ҷавҳардор сурх!
Ҳар куҷо гар нағмаи зеру бами лаълаш бувад,
Нохуни мутриб шавад аз пардаи он тор сурх.
Сӯи мо дорад хиром он рашки гулзори Ирам,
Гулшани моро бувад имрӯз баргу бор сурх.
Сабзаи лаълаш бувад акнун бароти зиндагӣ,
Оҳ, аз он рӯзе, ки пӯшад он парирухсор сурх!
Эй ки дорӣ орзуи машҳади ушшоқи ӯ,
Метавон кардан гулӯи хешро ночор сурх.
Мо, шаҳидонро бувад ин хирқаи хунин алам,
Зоҳидонро гарчи бошад аз таассуб ор сурх.
Гар набошад имтиёзи даъвии ботил зи Ҳақ,
Кай шавад аз хуни сад Ҳаллоҷ чӯби дор сурх?!
Он қадар аз дида бо ёди рухаш хун рехтам,
Чеҳраам гардида аз ашки надоматбор сурх.
Эй хуш он мисраъ, ки, Туғрал, месарояд Бедиле:
«Ҷомаат з-ин хум намеояд бурун ҳар бор сурх!»