Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Ҳар кас, ки бошад ҳамхонаи субҳ,

Ҳар кас, ки бошад ҳамхонаи субҳ, Чун меҳр гардад парвонаи субҳ. Дорад зи мастӣ чун баҳри амвоҷ Андар даҳан каф девонаи субҳ. Дар охири шаб, зинҳор, гӯед Бо гӯши хуршед афсонаи субҳ; Машшотаро гӯ, созад мутарро Гесӯи шабро аз шонаи субҳ. Фарз аст бо мо ноошноӣ, Ҳар кас, ки бошад бегонаи субҳ. Дар базми имкон бе саъю кӯшиш Восил нагардад ҷононаи субҳ. Ғофил мабошед, ёрон, ки дорад Ганҷи фаровон вайронаи субҳ! Сад хӯша хирман ҳосил тавон дод Дар мазраи дил аз донаи субҳ. Дар сина ҷо кун, ҳар гаҳ ки гӯяд Дарси адабро фарзонаи субҳ. Наззора мекун монанди Туғрал Аз равзани дил кошонаи субҳ!