Парешон ҷаъди сунбул аз сари зулфи сумансоят,
Парешон ҷаъди сунбул аз сари зулфи сумансоят,
Кушода ғунча аз хандидани лаъли шакархоят.
Бувад наззора чун ойина лаззатгири дидорат,
Саропо дидаи наргис бувад маҳви тамошоят.
Баҳористони гулзори ҷамолат оламе дорад,
Саре ку, то бувад холӣ зи савдои таманноят?
Равӣ дур аз барам, ҷон аз танам ояд бурун он дам,
Биё, то ҷон дамад дар тан зи тарзи омаданҳоят.
Ба роҳат з-интизорӣ дидаи мо шуд сафед ин ҷо,
Бибахшо тӯтиёи дида аз хоки кафи поят.
Зи ҳасрат мурдам, эй бадхӯ, нишинӣ чанд бо танҳо?
Бувад оё ки ман бинам туро холӣ зи танҳоят?
Ба дил меҳри ту дорад Туғрал аз ағёр пинҳонӣ,
Биё сӯям алифосо, миёни ҷон диҳам ҷоят!