Меканам ҷон дар ғами ӯ, кандани ҷонам абас,
Меканам ҷон дар ғами ӯ, кандани ҷонам абас,
Дар вафояш аҳд кардам, аҳду паймонам абас!
Нолаам бишниду таъсире ба гӯши ӯ накард,
Аз фироқаш гиряву фарёду афғонам абас.
Донаи ашкам нашуд сарсабз дар боғи умед,
Дар раҳаш шуд қатраҳои чашми гирёнам абас.
Нест аз ишқаш маро сармоя ҷуз сомони ғам,
Лек дар ҳиҷрони ӯ тамҳиди сомонам абас!
Чун сагон нон додамаш, то роми ман гардад рақиб,
Ҳасрато, бо ин саги девона шуд нонам абас!
Дар маризи ишқ бедармонӣ дармон мешавад,
Ҳеч дармоне ба дардам нест, дармонам абас!
Мақсадам з-ин нусха, Туғрал, он ки монад номи ман,
Гар намонад номи ман ин нақши девонам абас!