Сарви ман, боз о, ки то сарви хиромон бинамат,
Сарви ман, боз о, ки то сарви хиромон бинамат,
Ҳар тараф ҷавлон намо, то масти ҷавлон бинамат.
Шуд дилам парвона андар оташи шамъи рухат,
К-аз фурӯғи чеҳра бар он рӯ чароғон бинамат.
Хок шуд дар роҳи ишқат ҳамчу ман бисёр кас,
Аз ғубори ошиқон гарде ба домон бинамат.
Нест ҷуз хоки дарат дорушшифои хастагон,
Марҳаме дар илтиёми захми ҳиҷрон бинамат.
Дӯш дидам бо ҳазорон ҷилва чун товуси боғ,
Ҳамчу гул имрӯз бо тарфи гулистон бинамат.
Мезанад меҳри рух аз субҳи буногӯши ту дам,
Осмони ҳуснро хуршеди тобон бинамат.
Кай кунад фикри Фалотун имтиёзи набзи мо,
Дарди бедармони ғамро сахтдармон бинамат.
Эй хуш он мисраъ, ки, Туғрал, месарояд Бедиле:
«То абад, ё Раб, асои нотавонон бинамат!»