Омаду дар пеши ман аз ноз ҷавлон карду рафт,
Омаду дар пеши ман аз ноз ҷавлон карду рафт,
Хотирамро ҳамчу зулфи худ парешон карду рафт.
Баски селоби сиришкам омад аз ҷӯши ғамаш,
Қасри бунёди диламро сахт вайрон карду рафт.
Дӯш дидам дар чаман аз ноз ӯро ҷилвагар,
Дасти мо андар гиребон, гул ба домон карду рафт.
Будам имон гарчи дар пайғамбари ҳуснаш, вале
Куфри зулфаш омаду тороҷи имон карду рафт.
Дишаб аз лаъли Бадахшон шуд ҳикоят, лаъли ӯ
Хандае аз нописандӣ дар Бадахшон карду рафт.
Бурқаъ аз рӯ барфиканду чеҳраи худро намуд,
Тоқату сабру қарорам бурду сомон карду рафт.
Кард бо ними нигаҳ ҷони маро аз тан бурун,
Мушкили сахти маро бисёр осон карду рафт.
То ба арзи ҷилва омад дар чаман рӯи гулаш,
Булбули шӯридаро дар боғ нолон карду рафт.
Эй хушо, Туғрал, ки Бедил месарояд мисрае:
«Хонаи дил дар сари раҳ буд, вайрон карду рафт».