Шаб, ки дар дил акси хуршеди рухи ӯ ҷо гирифт,
Шаб, ки дар дил акси хуршеди рухи ӯ ҷо гирифт,
Зулмати ҳар зарраам боҷ аз яди байзо гирифт.
Сарфарозонро ба олам ҷуз тавозуъ чора нест,
Дарси таълими адаб мебояд аз мино гирифт.
Дар тариқи ишқ аз саъйи талаб ғофил мабош,
Мавҷ бо ин ҷаҳд охир домани дарё гирифт.
Куфру имон ҳар ду яксон аст андар чашми ман,
Аз майи ӯ бар сарам ин нашъа то боло гирифт.
Сӯзани марҳам агар борик аз фикри ман аст,
Хори роҳи ишқро кай метавон аз по гирифт?
Дар дабистони ҷунун будам ба Маҷнун ҳамсабақ,
Ман муқими шаҳр гаштам, ӯ раҳи саҳро гирифт.
Раҳм н-омад бо ту ҳеч аз нолаҳои зори ман,
Аз дилат таълими сахтӣ шишаи хоро гирифт.
Пурсиши бемор бояд кард, гар худ душман аст,
Ҳеч нашнидӣ, Сикандар чун сари Доро гирифт?!
То шудам рамзошнои нуктаҳои бенишон,
Сайди маънӣ Туғралам аз панҷаи анқо гирифт.