Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Сарви нозаш ҳар тараф бо қомати дилҷӯ гузашт,

Сарви нозаш ҳар тараф бо қомати дилҷӯ гузашт, Шӯру ғавғои ҷаҳон аз гунбади минӯ гузашт. Дар чаман сунбул зи хиҷлат сар ба пеш афканда буд, Ҷониби гулшан магар бӯе аз он гесӯ гузашт? Дар камингоҳи тағофул чашми ӯ раҳ мезанад, Маҳмили нозаш агар аз гӯшаи абрӯ гузашт. Дуди оҳи ошиқон фаввора бар гардун занад, Гар саманди нози ӯ бо ҷилва аз ҳар сӯ гузашт. Ҳар сари мӯ бар танам монанди ханҷар мешавад. Гар сари мӯе диламро ҷуз сари он мӯ гузашт. Офтоби ҳусн пиндорӣ, ки омад дар кусуф, То саводи печутоби туррааш аз рӯ гузашт. То шудам, Туғрал, зи тири ишқи ӯ ваҳшаткамин, Ваҳшатам андар биёбон аз раҳи оҳу гузашт.