Баски дар қасри ҷаҳон ободӣ аз меъмор нест,
Баски дар қасри ҷаҳон ободӣ аз меъмор нест,
Ҷуз фано дар хонаи ҳастӣ дигар девор нест.
Оламе саргарми савдои хаёли оламанд,
Ҳеч кас аз хоби ғафлат як даме бедор нест.
Беш аз ин дар боғу дар гулшан манол, эй андалеб,
Риштаи дилбастагӣ дар ранги ин гулзор нест.
Ваҳ, чӣ нақди косидем имрӯз дар дуккони даҳр,
Ҷинси моро ҳеч гоҳе гармии бозор нест.
Орзуи меҳри атлас дар дили мо кай бувад?
Фарши мо афтодагон ҷуз сояи девор нест.
Нақди дуккони хамӯшон марҳами захми дил аст,
Дар шикасти мӯи чинӣ мӯмиё даркор нест.
Пардаи мизроби ғам дорад баму зери дигар,
Нолаи ушшоқ дар оҳанги мусиқор нест.
Ҳалқаи зулфаш бувад сармашқи чавгони фусун,
Марказе дорад дили мо, ҳоҷати паргор нест.
Заҳри ғам бошад ба комам, Туғрал, аз гесӯи ӯ,
Ҳайрате дорам, ки ҳаргиз муҳра дар ин мор нест!