Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Дар тариқи ишқ касро раҳбаре даркор нест,

Дар тариқи ишқ касро раҳбаре даркор нест, Хонаи ойинаро бому даре даркор нест. Мекашад қуллоби ҷазби ишқ сӯят дам ба дам, Бисмили шавқи туам, болу паре даркор нест. Кай бувад шероза дар ҷузви китоби ошиқон, Дар саводи сафҳаи дил мистаре даркор нест. Фарши таслими суҷуди хонақоҳи ишратам, Хутбаи мино гар ин аст, минбаре даркор нест. Дар тилисми унсури ин чорсӯи эътибор Ҳеч дар савдои ғам симу заре даркор нест. Кӯҳро ҳаргиз гаронӣ аз садо монеъ нашуд, Ин бувад тамкин агар, гӯши каре даркор нест. Паҳлуи ушшоқ бошад гарми савдои ҷунун, Фарши Маҷнун аст ҳомун бистаре даркор нест. Метавон рафтан ба ҳиммат аз замин дар осмон, Бори Исо гар ҳамин бошад, харе даркор нест. Ваҳ, чӣ хуш гуфтаст, Туғрал, Бедили баҳри сухан: «Дарди дилро бандаам, дарди саре даркор нест!»