Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Ҳеч дар мулки ҷаҳон чун ӯ парирухсор нест,

Ҳеч дар мулки ҷаҳон чун ӯ парирухсор нест, Аҳриманро беҳтар аз гесӯи ӯ зуннор нест. Ҳар замон чун шамъ андар хонаи дил бинамаш, Садди роҳи он парӣ ҳаргиз дару девор нест. Арзи ҳоҷотат ҳиҷоби акси матлаб мешавад, Ҷуз нафас ойинаи дилро дигар зангор нест. Кист бошад дар шаби ҳиҷрон анису ҳамдамаш? Ҷуз хаёли Лайлӣ дар Маҷнун дигар ғамхор нест. Дар биёбони ғамаш аз сар қадам бояд туро, Ин раҳи ишқ аст, чун роҳи дигар ҳамвор нест. Эй сабо, оҳистатар бигзар ба ойини адаб, Дар ҳарими ҳурмати ӯ ҳеч касро бор нест. Мекунӣ, Туғрал, кунун парвоз дар авҷи сухан, Ҳеч кас имрӯз монанди ту дар ашъор нест!