Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Қомати дилҷӯи ӯ сарви гулистони кист?

Қомати дилҷӯи ӯ сарви гулистони кист? Орази тобони ӯ шамъи шабистони кист? Гар набувад тири ӯ сӯи манаш дам ба дам, Бар дили маҷрӯҳи ман новаки пайкони кист? Боди сабо мебарад қофила бар қофила Силсилаи мушкро, зулфи парешони кист? Ханда ба гул мезанад вақти тамошо ба боғ, Ғунчаи лаъли лабаш аз чаманистони кист? Дӯш ба хоки дараш нола задам ҳамчу най, Ҳеч нагуфт он санам як қалам афғони кист? Гар на ба дашти ҷунун роҳнаварди туам, Ин ҳама дар пои ман хори муғелони кист? Пир шудам аз ғамаш, хатти баротам надод, Сабзаи Хизри лабаш аз хати райҳони кист? Рашк барад аз ҳасад тӯтии Ҳиндустон: Туғрали ширинсухан аз шакаристони кист?