Бода риндонро шароби кавсарист,
Бода риндонро шароби кавсарист,
Гардани мино дар оғӯши парист.
Аз румузи мушкилоти зулфи ӯ
Гар гузаштӣ бетааммул, сарсарист!
Инқилоби ранги фитрат кор нест,
Модагиҳои заған ҳам аз нарист!
Ҷавҳарат ойинасон гул мекунад,
Хушкии савдоят аз ҷӯши тарист.
Оҳи булбул мезанад оташ ба боғ,
Дар бараш гар ҷомаи хокистарист.
Сангдилро нест раҳ дар базми мо,
Душмани ин шишаву мино парист.
Раҳбари нол аз заифӣ нола шуд,
Маҳрами қонуни соз аз лоғарист.
Тарҳи улфат дода рухсораш ба ҳам,
Обу оташро агарчи доварист.
Ҳамчу зулфаш нест устоди дигар,
Баски шогирдаш сипеҳри чанбарист!
Наргисаш ғоратгари ислому дин,
Сунбулаш зуннори машқи кофарист,
Дар фироқ аз толеи бахти бадам,
Гарчи фолам қуръаи некахтарист.
Чашми ҷодуи ту дар машқи фусун
Сархати афсуну сеҳри Сомирист.
Чор сӯят панҷнавбатзан пур аст,
Гар ба савдои ту шашшум муштарист.
Ҳаббазо, Туғрал, ки Бедил гуфтааст:
«Худнамоиҳо касофатҷавҳарист!»