Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Шӯри дарёи муҳаббат мавҷе аз оби ман аст

Шӯри дарёи муҳаббат мавҷе аз оби ман аст Барқи шамшери ҳаводис ламъаи тоби ман аст. Пардадори сози конуни баму зери ғамам, Нағмаи «Ушшоқ» аз оҳанги мизроби ман аст. Нест ҷуз таъбири ҳайронӣ маро фоли дигар, Фарши махмал саргузашти қиссаи хоби ман аст. Мезанад меҳри дилам гар бахя дар ҷайби саҳар, Чоки домони катон лекин зи маҳтоби ман аст. Хондаам дарси адабро пеши устоди ҷунун, Қадди моҳи нав дуто аз вазъи одоби ман аст. Ҷӯши тӯфони сиришкам дорад оҳанги дигар, Хоки саҳрои ҷунун тамҳиди селоби ман аст. Тоқати як олам аз абрӯи ёрам тоқ шуд, Саҷдагоҳи сад ҷабин аз шавқи меҳроби ман аст. Эй хушо аз мисраи Бедил, ки, Туғрал, гуфтааст: «Базми гардун субҳхез аз лаъли сероби ман аст».