Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Нағмаи қонуни ҳастӣ сози мизроби фаност,

Нағмаи қонуни ҳастӣ сози мизроби фаност, Қомати пирӣ ба умри рафта оҳанги садост. Чашми ибрат во куну бингар ту дар хоки адам, Афсари шоҳӣ тирози нақши домони гадост. Фурсати шодии аҳди ғам ду рӯзе беш нест, Гул агар дар хандаву булбул ба гулшан дар навост. Бигзар, эй Фарҳод, аз савдои Ширин баъд аз ин, Ҳар чӣ сомон кардаӣ з-ин кӯҳ, тамҳиди садост. Ақл мебошад ғубори дидаи Маҷнуни мо, Хоки саҳрои ҷунун дар чашми ошиқ тӯтиёст. Эй ки мехоҳӣ қадам дар водии ишқаш задан, Ҷуз далели шавқ сӯяш дигаре кай раҳнамост?! Бар дилам ҳар лаҳза акси оразаш гул мекунад, Ҷавҳари ойинаро болидан аз ҷӯши сафост. Мавсими ид аст, неҳ бар машҳади мо як қадам, Бар кафи пои ту хунам кай кам аз ранги ҳиност?! Бошад аз майхонаи имкон ба ҳар кас машрабе, Хизр мамнуну Сикандар дар пайи оби бақост. Ҳеч кас, Туғрал, набошад такягоҳи ҳеч кас, Он ки дар афтодагӣ дасти туро гирад, Худост!