То дар ин водӣ ғубори мо ба домон ошност,
То дар ин водӣ ғубори мо ба домон ошност,
Дасти Маҷнун аз таҳайюр бо гиребон ошност.
Нест андар сози конуни дили мо нағмае,
Умрҳо шуд, нолаи мо бо найистон ошност.
Мефитад бар пои мардум дам ба дам аз рӯи зард,
Дурри ашкам аз ятимӣ то ба найсон ошност.
Ҳайрате дорам, ки асрораш бигӯяд мӯ ба мӯ,
Шонаро дил гар ба он зулфи парешон ошност.
Аз хироми ноз бар раҳ акси пояш дидаам,
Ҷавҳари ойинаам бо чашми ҳайрон ошност.
Нест имкони ҳусули муддаои ҳоҷаташ,
Чашми соил гарчи бо дасти каримон ошност.
Метапад дил дар барам ҳар лаҳза аз шавқи рухаш,
Боли ин парвона бо шамъи шабистон ошност.
Аз табассум дам ба дам шӯре ба дилҳо афканад,
Захмҳои синаи мо бо намакдон ошност.
Дар бағал рам дорад аз акси саводи дидааш,
Баски оҳуи маро ваҳшат ба мижгон ошност.
Бо бузургон ҳеч аз оҷизнавозӣ ор нест,
Аз заифӣ мӯр ин ҷо бо Сулаймон ошност.
Ҳаббазо, Туғрал, ки Бедил месарояд мисрае:
«Софии ойина бо габру мусулмон ошност».