Фурсати аҳди ҷаҳон аз субҳи ҳастӣ як дам аст,
Фурсати аҳди ҷаҳон аз субҳи ҳастӣ як дам аст,
Рангу бӯи боғи имкон ҳамчу меҳри шабнам аст.
Барги гул дар боғ аз боди хазон тороҷ шуд,
Дар бари булбул нигар, акнун либоси мотам аст!
Дар навои пардаи ушшоқи мо мизроб нест,
Нағмаи сози муҳаббат баски бе зеру бам аст.
Ман шаҳиди абруям, бо ҷавҳари теғаш қасам,
Сархати бахтам нагун чун ном андар хотам аст.
Гарчи бошад дар ҷаҳон аз номи ман овозае,
Он чи зоҳир мешавад зери нигин, нақши ғам аст.
Он қадар дар оташи шавқи муҳаббат сӯхтам,
Дуди оҳам дар ливои ишқ акнун парчам аст!
Васл дорӣ орзу, бояд шудан аз дил барӣ,
Дар ҳарими ҳурмати дилдор дил номаҳрам аст.
Бигзаред, эй ноҷавонмардон, зи савдои ҳавас,
Шуҳрати ҷуду сахо махсуси номи Ҳотам аст!
Ман ҳамебинам ба фикри хеш, Туғрал, дам ба дам,
Ҳар чӣ дар ойинаи Искандару ҷоми Ҷам аст.