Тире, ки аз камони нигоҳи ту ҷастааст,
Тире, ки аз камони нигоҳи ту ҷастааст,
Чун новаки фироқ дили мо шикастааст.
Сайёди тирафкану оҳуст чашми ту,
Ин турфа оҳуе, ки ба мардум нишастааст.
Кас нест дар ҷаҳон, ки набошад асири ту,
Як дил зи банди ҳалқаи зулфат нарастааст.
То кардаем ёди камони ду абруят,
Пайкони ғам ба синаи мо даста-даста аст.
Холест бар лаби ту ва ё зоғ дар чаман,
Ё ҳиндуе, ки бар лаби Кавсар нишастааст?
Дар маҳфиле, ки сози баму зери васли туст,
Савти «Фироқ» нохуни мутриб шикастааст.
Мадди нигаҳ ба сояи мижгони интизор
Чун анкабут хонаам аз мӯй бастааст.
Набвад саводи хатти изораш бароти мо,
Дуду ғубори оташи дилҳои хаста аст.
Туғрал, ғуломи мисраи зебои Бедилам:
«Осудагӣ зи кишвари мо бор бастааст».