Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Рафтани ҳуш аз сарам то сорбони маҳмил аст,

Рафтани ҳуш аз сарам то сорбони маҳмил аст, Ноқаи шавқи маро дар хоки Маҷнун манзил аст. Он қадар мастам, ки нашносам ҷунунро аз хирад, Нашъаи ҷоми шароби ман зи ангури дил аст. Қатраи хуне, ки аз захми дили ман мечакад, Нест хун, ӯ шабнаме аз шарми теғи қотил аст! Дорам аз фикри баланди хеш мазмуни баланд, Сад Фалотун аз кушоди маъниям подаргил аст! Шукр лиллаҳ, фориси майдони ашъорам кунун, Нуктаи сарбастаи ман лойиқи ҳар маҳфил аст. Аз румузи маънии ман сар-сарӣ натвон гузашт, Ғайри мазмун аз каломам ҳар чӣ фаҳмӣ, ботил аст. Бастаам мазмун, ки аз инсоф гӯяд мустамеъ: Ин ҳама рамзошноиҳо зи фикри Туғрал аст!