Дар кишвари малоҳат шоҳӣ туро тамом аст,
Дар кишвари малоҳат шоҳӣ туро тамом аст,
Шамшоду сарву тӯбо бо қоматат ғулом аст.
Дар ҳар куҷо, ки бинам авсофи хулқу хӯят,
Бо суманоту масҷид «мо қола» з-ин калом аст.
Чун ғунча лаб кушоям, васфи туро намоям,
Ғайр аз ҳадиси рӯят дигар маро ҳаром аст.
Ҳусни бутони олам рӯ дар завол дорад,
Дар авҷи хубрӯӣ меҳри туро қиём аст.
Чашми сиёҳи мастат бегона аз нигаҳ шуд,
Ҳиндуи холи лаълат ноошнои ром аст.
Мо пухтагони ишқем дар миҷмари ғами ту,
Магзор булҳавасро, азбас ҳанӯз хом аст.
Аз қисмати нахустин ишқат ба мо расида,
Ойина бо Сикандар, Ҷамро ҳавола ҷом аст.
Бо аҳди гулъизорон зинҳор дил набандед,
Аз андалеби гулшан бо гӯшам ин паём аст.
Дар боргоҳи васлат ҷон туҳфа бурд Туғрал,
Шамшер хун чаконад, азбаски бениём аст.